БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вазифаи асосии кормандони тибб-нигоҳ доштани солимии мардум аст!

Н.ХУСРАВ.Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи Носири Хусрав  дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи марказӣ»-и ноҳия дар  мавзӯъи «Вазифаи асосии кормандони тибб-нигоҳ доштани солимии мардум аст!», ки яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кормандони ташкилотҳои ҳизбӣ  дар  самти шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   бармеоянд, хониши сиёсӣ  баргузор гардид.

Вохӯриро  раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Алиева  Сураё  ифтитоҳ  намуда,  барои  фаҳмонидани  нуктаҳои  асосии  доир  ба  фаъолияти  сохтори  тандурустӣ  амалӣ  намудани  тадбирҳои  зарурии дар  Паём зикргардида андешаронӣ намуда,  қайд  кард, ки дар  Паёми  имсолаи  худ  Президенти  мамлакат  ба  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон   ба  солимии  ҷомеа  ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ  диққати  махсус дода, ҷиҳати  таъмини  босифати  аҳолӣ   бо  кӯмаки  аввалияи  тиббию  санитарӣ ва  камбудию  норасогиҳои  дар  ин  самт  ҷойдоштаро  фаҳмонида  дод. 

Вобаста  ба  иҷрои ҷадвали  Кумитаи  иҷроия ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  оид  ба  татбиқи  амалии  Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти  унвонии  “ Якҷоя   ҳал  мекунем!”  аъзои  ташкилоти  ибтидоии “Беморхонаи  марказӣ”   гирду  атрофи  беморхонаро  ба  тартиб  оварда,  бехи ниҳолҳоро    нарм  карданд.

 Дар охир Сураё Алиева ба  саволу  пешниҳодҳои   табибон ҷавобҳои  саҳеҳ  гардонид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg