БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таблиғот тавассути корҳои созандагиву бунёдкорӣ

КУШОНИЁН.  Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Аксияи тарғиботӣ - амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  дар деҳаи Маҳаллаи ҷамоати шаҳраки Бохтариён бо иштироки мардуми ватандӯстӣ он корҳои ободонӣ  баргузор гардид.

Дар он кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  штирок дошта, дар корҳои ободонӣ саҳм гузоштанд.

Иштирокдорон гирду атрофи деҳаи номбурдаро ба тартиб дароварда,  дар ду тарафи  роҳи марказии деҳа 21 бех дарахти арча шинониданд.

Пас аз анҷоми шанбегӣ масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, ватандӯстию хештаншиносӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” андешаронӣ намуда, қайд карданд, ки эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣаз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg