БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Табибон зиёбахшандаи нерӯи тавонои миллатанд

ЁВОН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар доираи ҷадвали тасдиқнамуда бо мақсади роҳандозии Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  "Якҷоя ҳал мекунем!" ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти таъмири шуъбаҳои беморхонаи марказии ноҳия, ки бо ташаббуси аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Соҳаи тандурустӣ" роҳандозӣ гардидааст, дидан намуданд, ки иншооти мазкур дар рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ ва истифодаи сокинони ноҳия қарор дода мешавад.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия дар ноҳия ширкат варзида, ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg