БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ҳалли мушкилоти сокинони деҳот саҳми назаррас гузошт

ДӮСТӢ.Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Сомонӣ”-и ҷамоати деҳоти Деҳқонобод бо сокинони деҳот суҳбату вохӯрӣ доир гардида, дар он кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ иштирок  ва суханронӣ намуданд.

Бо иқдоми вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Қоряғдиев Бахтиёр ва раиси ташкилоти ибтидоии “Сомонӣ” Абдураҳманов Гапар,  аъзо ва  ҷонибдорони ҲХДТ  баҳри иҷрои корҳои созандагиву бунёдкорӣ камари ҳиммат баста,  дар болои поёноби деҳа сохтмони пули мошингузарро оғоз карданд, ки мардум бо дасту дили гарм дар корҳои созандагӣ саҳми арзанда гузоштанд.

Дар  рафти баргузории Аксияи ҳизбӣ масъулин зикр намуданд, ки сохтмони пули мошингузар бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли мушкилоти сокинони деҳот то арафаи ҷашни Наврӯзи Байналмиллалӣ мавриди истифода қарор мегирад.     

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg