БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз ҳадафҳои созандаи ҲХДТ қаноатманданд

МӮЪМИНОБОД. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Идораи бойторӣ»-и ноҳияи Муъминобод бо иштироки  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ   вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар  вохӯрӣ масъулин оид ба  нуктаҳои асосии Паёми  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  Даҳсолаи байналмилалии  амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуданд.

Инчунин, дар ин раванд моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  ба дарки  иштирокдорон расонида шуда, аз ҳар яки онҳо  ҷиҳати дар амал татбиқ намудани  Аксияи ҳизбӣ даъват ба амал оварда шуд.

Баъдан  раиси  ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бойторӣ»  аз масъулин  барои  баргузории вохӯрии судманд   изҳори миннатдорӣ баён карда,  иброз дошт, ки  барои дар амалигардонии  ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, ки ба пешрафту шукуфоии  Ватан ва  зиндагии шоистаи сокинон равона карда шудааст,  саҳми назаррас хоҳем гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg