БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз пешравиҳои кишвар руҳбаланданд!

ЁВОН. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон дар доираи ҷадвали тасдиқнамуда бо мақсади баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ, роҳандозӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони  "Якҷоя ҳал мекунем!" ва сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён" шанбегӣ ташкил намуда, гирду атрофи корхона тозаву озода гардонида шуд.

Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ширкат варзида, ҷаҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  тарғиби Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо аҳли заҳмати корхонаи мазкур суҳбатҳои муфид доир намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg