БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ: Созандагиву бунёдкорӣ мароми ҳар як узви мост!

КУШОНИЁН. Барои  сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои ҷадвали тасдиқгардидаи қисмати амалии  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Кушониён зери шиори “Созандагӣ ва бунёдкорӣ мароми мост!”   бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои созандагиву ободонӣ баргузор гардида истодааст.

Ташаббуси навбатии ватандӯстонаи ҳизбиён дар ҷамоати шаҳраки Исмоили  Сомонӣ  баргузор гардида, дар он сокинон бо ифтихормандиву сарфарозӣ аз фазои  сулҳу ороми Ватан  дар корҳои ободонӣ фаъолона иштирок намуданд.  

Иштирокдорон  кӯчаву хиёбонҳо, ҷўйборҳои обгузарро аз партову алафҳои бегона тоза карданд.

Ин иқдоми нек  дар тамоми кӯчаю хиёбонҳои ҳудуди ноҳия ва дар ҳар хонадон идома дошта, корҳои созандагиву ободонӣ рӯз то рӯз вусъати тоза гирифта истодааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg