
ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии “Обу коррези ноҳия” чорабинии ҳизбӣ дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки мудири шeъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ХХДТ дар нохия Асалмамадов Бекмамад ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр баргузор гардид.
Дар рафти баргузории чорабинии ҳизбӣ мудири шeъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ХХДТ дар нохия вобаста ба самтхои афзалиятноки фаъолияти ХХДТ махсусан дар доираи тарғиби риояи қонунҳои миллӣ ва дуруст сафарбар кардани хайру сахо ҳамчун асоси рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа ва ҳамчунин оид ба муҳтавои асосии Паёми навбатии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат муфасал суханрони намуд.
Дар фарҷоми чорабини Бекмамадов Асалмамадов ба иштирокдорон ва саҳмгузорони ин чорабини минатдории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро баён намуда, қайд кард, ки Аксияи тарғиботии – амалии КИ ҲХДТ дар дар вилояти Хатлон таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мардум ва дар ин замина сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ, инчунин фаъол гардонидани онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мавҷуда аз роҳи тарғиби дуруст сафарбар намудани корҳои хайру сахо, инчунин ҳалли масъалаҳои бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл бо истифода аз қувваи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, инчунин қувваи сокинони маҳал иборат мебошад.