БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Шахсони ниёзманди ҷомеа низ зери ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи ҲХДТ қарор доранд!

КУШОНИЁН. Баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Кушониён дар нимаи якуми соли 2019 ва амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  дар ташкилотҳои ибтидоӣ идома доранд.  

Вохӯрии навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии “Аҳдия” баргузор гашта, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.

Дар охир Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро  роҳандозӣ шуда, ба ду нафар шахсони ниёзманди ҷомеа   маводҳои  хӯрока  кӯмак карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg