
ҲАМАДОНӢ. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шуъбаи омор» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ баргузор карданд.
Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев қайд кард, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон соли 2018-ро бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ номиданд. Зеро, ки дар соли 2018 робитаҳои деринтизори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва кушодани роҳҳои байни ду кишвари воқеан дӯст ва ҳамсоя яке аз дастовардҳои соли 2018 мебошад.
22 марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об –Даҳсолаи байналилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.
Ба кор андохтани агрегати якуми НБО-и Роғун, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон бо шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид.