
МУЪМИНОБОД. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ХҲДТ дар ноҳияи Муъминобод бо фаъолон ва истиқоматкунандагони кӯчаи Ҷавонон оид ба баррасии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣтаҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», эълон гардидани солҳои ки саннаи 26.12.2018 ироа гардид ва самтҳои- афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирии гаравиши шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи фарҳанги 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мавзеъҳои тамошобобу таърихӣ, ки аслан ноҳияи Муъминобод ноҳия кӯҳӣ ва дорои ҷойҳои таърихӣ мебошад, суханронӣ карда, аз ҷамъомадагон барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, саҳм гузоштан дар корҳои хайру сахо, ободониву созандагӣ даъват ба амал оварданд.