
КУШОНИЁН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён ҷиҳати амалӣ намудани эълон шудани Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва Аксияи тарғиботӣ - амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” тадбирҳои мушаххас андешида, тибқи нақшаи чорабиниҳо ҳамарӯза вохӯриву мулоқотҳои судмандро дар ташкилотҳои ибтидоӣ баргузор намуда истодааст.
Дар баргузории чорабиниҳо кормандони ташкилотҳои ибтидоӣ фаъолона иштирок намуда, аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагиҳо ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва масъалаҳои рӯзмарра бархурдор мешаванд.
Мулоқоти навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии “Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ” дар ноҳияи Кушониён басо судманд доир гардида, кормандон таассуроти хуб гирифта, иброз доштанд, ки дар фаъолияти ҳизбӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро дар амал татбиқ менамоянд.
Дар интиҳои чорабинӣ ба шахсони ниёзманди ҷомеа дар доираи Аксияи тарғиботӣ-а малии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” маводҳои хӯрока кӯмак карда шуд.