ТЕМУРМАЛИК. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати тарғиботӣ ва амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ,ҳамчунин бобати иҷрои ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории вохӯрию мулоқотҳо, ҳамзамон оид ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар маҳаллаи №4-и ҷамоати шаҳраки Совети ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо сокинони маҳал баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот , сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ карданд.
Баъдан вобаста ба татбиқи қисмати тарғиботию амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси раиси маҳаллаи №4, вакили ҷамоат Раҷабов Холмурод зиёда аз 10 нафар сокинони маҳалла ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дар корҳои созандагиву ободонӣ саҳми назаррас гузоштанд.