БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷамъбасти сол муайян ва вазифаҳои нав мушаххас гардиданд

ПАНҶ. Дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таълимии №2  маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ гузаронида шуд.

Ҳамчунин, дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидов Ҳусейнҷон иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни  баррасии масъалаи асосӣ  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон  баромад намуда, бо натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи Кумитаи иҷроия ҳисобот дода, оид ба  бурду бохти кори Кумитаи иҷроия  ва вазифаҳоро барои соли 2019 мушаххас намуд.

Мавсуф қайд намуд, ки соли 2018 бо воқеаҳои  муҳими фараҳбахши худ дар ҳаёти иқтисодию  сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар нақши муҳим гузошт.

Дар ин сол 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21- солагии Ваҳдати миллӣ ва 26-солагии Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба кор даровардани чархаи аввали НБО-и Роғун ҷашн гирифта шуда,  бо шукуҳи хоса ва хотирмон таҷлил гардид.

Ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани иртибот бо мардум ва ҷалби оммаи васеи сокинон дар амалӣ  намудани ҳадафу мақсад ва кору пайкори созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон соли 2018 барои ташкилотҳои ҳизбии вилоятӣ  аз ҷумла  ноҳияи мо Соли тақвияти робита бо маҳал эълон гардида буд.

Ҷиҳати ҳадафмандона амалӣ намудани ин мақсадҳо ҷадвали баргузории вохӯрию  мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳалла барои соли 2018 таҳия гардида, мутобиқи механизми мазкур дар ҳар як  деҳаву маҳалла бо сокинон вохӯриву суҳбатҳо доир карда шуд. Масъулини Кумитаи иҷроия дар вохӯриву мулоқотҳо таваҷҷуҳи ҷомеаро ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ равона сохтанд.

Тадбирҳои амалишуда дар заминаи мубориза бо террризму экстремизм, пешгирӣ аз  гаравидани ҷавонон ба равияҳои гуногуни таассуби динидошта фаъолияти самараноки ҳизб дар давраи ҳисоботӣ дониста шуданд.

Бо ин мақсад ҷиҳати ташаккули ҳисси нафрат ба ин падидаи номатлуби ҷомеа бо ҷалби аъзоёни ҷамъияти таблиғотии «Фарҳанги сиёсӣ”, Ситодҳои таблиғотии доимамалкунандаи ҳизбӣ ва гурӯҳҳои мобилӣ дар 6 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот чорабиниҳои сиёсӣ баргузор шуданд.

Ҳамчунин, дар ин давра бо роҳандозии Кумитаи иҷроияи ноҳия дар ташкилотҳои ибтидоии тобеи ноҳияи Панҷ силсилачорабиниҳо ба муносибати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” гузаронида шуданд.

Вобаста ба ин, ба истиқболи ба кор оғоз намудани чархаи аввали НБО-и Роғун бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар як қатор ташкилотҳои ибтидоӣ Аксияҳои ҳизбӣ «Фурӯғи нури Раҳмонӣ» доир гардид. Зимни баромадҳо масъулин оид ба  аҳамияту моҳияти ин ҷашни муҳими давлатӣ ба истифода додани чархаи якуми НБО-и Роғун андешаронӣ намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ зимни  бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ  ва фаҳмондадиҳӣ маводҳои гуногуни таблиғотӣ- буклетҳо, брошюраҳо, плакатҳо, дастурамалҳо, банерҳо ва Оиннамаву Барномаи ҳизб  истифода бурда шуданд.

Зикр гардид, ки  омодагиҳо  ба ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон давом дошта,  ба ин муносибат  нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ таҳия гардида, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар бахши охири ҷаласа ғолибони озмунҳои ҳизбӣ ва беҳтаринҳо - раисони ташкилотҳои ибтидоии маҳаллаҳо, аъзои ҳизб ва фаъолон бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  сарфароз гардонида шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg