БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Оғози татбиқи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем” дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Норак

НОРАК. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо, ки дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак тасдиқ шудааст, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбї суҳбату вохўриҳо доир гардида истодаанд.  

Чунин вохӯрӣ дар ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк»  оид ба  шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки санаи 26 дукабри соли 2018 ироа гардид ва   самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ  муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Норак  Сабзалӣ Зоиров иштирок дошта,   оид ба  нуктаҳои муҳими   Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  баромад намуда қайд намуд, ки дар Паёми имсола Пешвои миллат  соли 2018-ро соли воқеан  таърихӣ  унвон намуданд. Зеро дар самти сиёсати хориҷии  Ҷумҳурии Тоҳикистон соли 2018 бо оғози расмии татбиқи ташаббусҳои ҳаҳонии дар самти об, ба сатҳи шарики стратегї боло бурдани муносибатҳои Тоҳикистону Ӯзбекистон, дар самти сиёсати дохилї- ба истифода додани агрегати якуми НБО-и Роғун ва ғайроҳо ноил гардидааст.

Инчунин, дар  амал татбиқ намудани қисмати тарғиботию амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк” ба роҳ монда шуда, дар ташкилоти номбурда корҳои аз нав барқароркунии панҳараҳо, рангубори берунии бинои мазкур, таъмири роҳравҳои назди бинои корхона, шинонидани гулҳои мавсимї идома дорад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg