
КУШОНИЁН. Барои сазовор пешвоз гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори ноҳияи Кушониён зери шиори “Созандагӣ ва бунёдкорӣ” шанбегиҳо баргузор шуда истодааст.
Ин навбат дар ҷамоати деҳоти Ориён, деҳаи ба номи Малик Гиёев бо иштироки мардуми деҳа ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён доир гардид.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён ташаббуси наҷибро идома дода, дар ҳашари навбатӣ фаъолона иштирок намуданд. Ҳашарчиён барои сабзу хуррамгардонии деҳа 400 бех ниҳоли арча шинонда, бехи ниҳолҳоро нарм намуданд ва ҷӯйборҳоро аз партовҳо тоза карданд.
Иқдоми неки ҳизбиён дар тамоми кӯчаю хиёбонҳо ва дар ҳар хонадони сокинон идома дошта, корҳои созандагиву ободонӣ дар ноҳия рӯз то рӯз вусъати тоза гирифта истодааст.