БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём – фарогири масъалаҳои муҳимми ҷомеа

КӮЛОБ. Дар иртибот ба иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба расонидани муҳтаво ва дар амал татбиқ намудани Паёми Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Борбад” вохӯрӣ баргузор гардид.

Пеш аз оғози маҷлис дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ҷӯю заҳбурҳои гирду атрофи ташкилоти ибтидоиро тозаву озода намуда, бехи дарахтони ҳамешасабзро нарм намуданд.

Кормандони масъули Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмуъмин ва Мунаввараи Бозоралӣ дар вохӯрӣ иштирок намуда, қайд карданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳли ҷомеа даъват ба амал оварданд, ки дар риояи қонунҳои миллиамон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷиктистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” фаъол бошанд.

Дар идома ба аъзои нави ҲХДТ билетҳои ҳизбӣ ботантана супорида шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg