БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми кишвар дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳм гузоштанд

ДӮСТӢ.  Дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ тибқи ҷадвали баргузории  қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ҷалби фаъолон,  аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ҳар рӯзи шанбе баҳри анҷоми корҳои ободониву созандагӣ,  аз ҷумла шинонидани ниҳолҳои сояафкану ороишӣ, тозаву озода намудани  атрофи ташкилоту муассисаҳо, маҳали зист даст ба кори хайр мезананд.

Вобаста ба ободу зебо гардонидани роҳҳои марказии деҳаи Сомонии ҷамоати деҳоти Деҳқонобод қисмати даромадгоҳи ноҳияи Дӯстӣ қисми зиёди раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар якҷоягӣ бо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ба ҳашари  умумӣ баромада, дар шинонидани дарахтони сояафкану ороишӣ, тозаву озода  кардани ду тарафи  роҳ аз партову алафҳои бегона  бо завқи баланди ватандӯстӣ  ва ифтихор аз фазои сулҳу ороми кишвар  саҳм гузоштанд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg