
ДАНҒАРА.Бо мақсади расонидани мазмун ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, аҳли зиё, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо кормандони Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара вохӯрии судманд доир гардид.
Зимни вохӯрӣ атрофи нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат хусусан рӯйдодҳои муҳим ва таърихии соли 2018 - оғоз гардидани пешниҳоди чоруми сатҳи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мосоили об, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, беҳтар гардидани муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон расидан ба сатҳи шарикони стратегӣ, ба фаъолият оғоз намудани чархаи аввалини Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, дастовардҳои назаррас дар масоили ММД ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, бунёди корхонаҳои гуногуни саноатӣ, татбиқи сифатноки ҳадафҳои стратегӣ, саноатикунонии кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ, раванди гузаштан аз модели давлати аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 – солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, роҳандозии барномаҳои созандагӣ бахшида ба сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар сатҳи маҳал ва рушди деҳоти кишвар суханронӣ намуданд.