БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ бо мақсади баланд бардоштани некӯаҳволии халқ талош меварзад!

БОХТАР. Дар толори  ташкилоти ибтидои ҳизбии «Мактаби санъати бачагона»-и шаҳри Бохтар маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Дилафрӯзи Абдулло, узви Кумитаи Иҷроияи  Марказии ҲХДТ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар Қосимзода  Солеҳамо, раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ва  раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, корхонаву муассисаҳои шаҳри Бохтар баргузор гардид.

Сараввал раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ба сухан баромада,  рӯзномаи маҷлисро ба иштирокчиён шинос карда , оид ба корҳои ба анҷом расонидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар соли 2018 ҳисобот дод. Сипас, дар идома намояндаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон Дилафрӯзи Абдулло ба сухан баромада,  фаъолияти кории Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар соли сипаригаштаро  қаноатбахш ҳисобид.

 Дар охир ба як қатор раисони ташкилоту  корхонаву муассисаҳо ва раисони маҳалаҳо барои саҳми арзанда гузоштан дар чорабиниҳои ҳизбӣ ва ҳадафҳои барномавии ҲХДТ бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар қадрдонӣ  карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg