Н.ХУСРАВ. Маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав баргузор гардид.
Дар он узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Носири Хусрав Садриддинзода Нуриддин Талбак, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидов Ҳусейн, фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои Кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия иштирок намуда, ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиева Сураё дар соли 2018 муҳокима карда, вазифаҳои навбатии ҳизбиёни ноҳияро барои соли 2019 муайян намуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия зимни ҷамъбасти кори маҷлиси Кумитаи иҷроия дастуру супоришҳои аз маҷлиси васеи Раёсати Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 3 январи соли 2019 ба миёнгузошта ёдовар шуда, аъзои Кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбро даъват намуд, ки ҳар кадоми онҳо дар иҷрои ҳадафҳои созандаи ҲХДТ саҳмгузор бошанд.
Баъдан намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, сармутахасиси шуъбаи кор бо ҷавонону занони Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ Саидов Ҳусейн суханронӣ намуда, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусравро қаноатбахш ҳисобид.