БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешниҳоди Пешвои миллат бодилгармӣ пазируфта шуд

ХОВАЛИНГ. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар шуъбаи маорифи ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбат доир карда шуд.

         Дар назди кормандони шуъбаи маориф раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар

ноҳия Халилзода Сафар баромад намуда, ҳозиринро пеш аз ҳама ба дастуру

супоришҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушду такоммули соҳаи маориф бармеояд, ба таври муфассал шинос намуд.

Дар  ироаи Паём дар баробари қисман пешравиҳо дар муассисаҳои таълимӣ

оид ба ҳоло ҳам ба таври қаноатбахш ба роҳ монда нашудани таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ ва англисӣ сухан рафта, мавсуф қайд кард, ки  ин камбудӣ дар ноҳияи мо ҳам бараъло ба мушоҳида  мерасад.  Дар ноҳия омӯзгоре дида намешавад, ки бо забони англисӣ ба таври озодона сухан гӯяд. Ҳолати таълими дигар фанҳо ҳам беҳбудӣ металабад.

Дар суҳбат ҳамчунин дар бораи дигар бандҳои Паём низ сухан рафт. Аз

ҷумла истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, мубориза ба муқобили терроризму экстремизм, рушди соҳибкорӣ, ба мамлакати саноатӣ –аграрӣ табдил додани кишвар, риояи фарҳанг ва урфу одатҳои миллӣ, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 мавзӯъҳои асосии суҳбати онсоата буд.

Дар хониши сиёсӣ кормандони   шуъбаи  маориф Ш. Мирзоев, мудири кабинети методӣ, Ҳ.Яҳёев, Т. Аламов, Ш. Зарифов мушовирони шуъба баромад намуда, Паёмро дастури рӯимизии ҳар як корманд арзёбӣ намуданд. Онҳо пешниҳоди Пешвои миллатро дар бораи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 – 2021  бо дили гарм пешвоз гирифта, қайд намуданд, ки дар баробари рушд кардани деҳот сифати таълиму тарбия ва шароити таълимгирии хонандагон  низ беҳтар мегардад. Кормандони соҳа омодагии худро дар амри иҷрои дастуру супоришҳои ин ҳуҷҷати муҳим иброз доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg