БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём дар дили сокинон ба ояндаи дурахшон умед бахшид

ПАНҶ. Бо иштироки мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  Ҳошимов Тоҳир ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот  ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Ғафуров Сайдамир бобати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ дар  ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг»-и назди Қасри фарҳанги ноҳия бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Яке аз ҳадафҳои Паёми Пешвои миллат ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ нигаронида шуда, дар ин росто кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон мебошад.

Дар баробари  баррасии Паёми Сарвари давлат дар ин вохӯрӣ  масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуданд.

Якчанд нафар кормандони ташкилоти ибтидоӣ зимни баромадашон  ҷонибдории худро аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва Пешвои миллат  изҳор доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg