БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тақвияти миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ аз ҳадафҳои олии ҲХДТ

МУЪМИНОБОД. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шуъбаи омор»-и ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ   мулоқот доир карда шуд.

Дар мулоқот мутахассиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Шукронаи Саид ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Мирзораҳимов Раҳматулло   иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан Шукронаи Саид дар назди ҷамъомадагон оид ба, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла  тарғиби либоси миллӣ, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризм, муқовимат бо коррупсия ҳамчун омили хатарнок дар ҷомеа,  риоияи талабот қонунҳои миллӣ, тарбияи дурусти фарзандон, истифодаи сарфаҷӯёна аз нерӯи барқ ва пардохти ҳаққи хизматрасонии маблағи он,  рушди  касбу ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби шахсони бекор ба касбу  ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуд.

Инчунин, мавсуф дар идомаи суҳбат моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро ба ҳамагон  фаҳмонида, онҳоро барои  дар амал татбиқ намудани  ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ кард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg