БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Имконоти анҷоми корҳои хайр дар Тоҷикистон зиёд аст!

ҚУБОДИЁН. Бо мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми худ санаи 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа намуда буданд ва дар асоси нақша- чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён баҳри дастгирии оилаҳои ниёзманди ҷомеа иқдоми ватандӯстонаи навбатии  ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати шаҳраки “Қубодиён” ва бо дастгирии узви фаъоли ҲХДТ, соҳибкори муваффақ  Ҳайбуллоев Табибулло   дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  ба оилаи  ниёзманди ҷомеа Хоҷаева Ҳафиза  ,  аз қабили орд, равған, шакар, макарон, биринҷ ва дигар маводҳои анвои ширинӣ  кӯмаки моддӣ расонида шуд. Чунин корҳои сахо аз ҷониби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg