БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём ҳуҷҷати муҳимест дар рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии кишвар

ЁВОН. Имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ, аз он ҷумла дар ноҳияи Ёвон баҳри баррасӣ ва амалисозии нуктаву хулосаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомаду мулоқотҳо баргузор гардида истодаанд, ки ҳадаф аз онҳо саҳм гузоштан дар пешрафту тараққиёти мамлакат мебошад.

Дар толори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия бо иштироки кормандони масъули К умитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва вакили Маxлиси намояндагони Маxлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон Азимзода Толибхон Ситамурод бо аҳли заҳмати корхонаи мазкур ва кормандони шабакаҳои барrи ноҳия вохeрии судманд доир карда шуд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар самтҳои тараққиёти мамлакатро вобаста ба вазъи ҷаҳони муосир ва бо дарназардошти пешомадҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ муайян ва мушаххас намуданд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати муҳимест, ки омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани он кафолати амнияти кишвар ва рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аст. Амалисозии ин ҳуҷҷати аҳамияти стратегидошта аз ҳар фарди ватандӯст, дар навбати аввал аз хизматчиёни давлатӣ ва фаъолони ҷомеа ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиро тақозо менамояд.

Пешрафту тараққии ояндаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ва боз ҳам боло рафтани сатҳи зиндагии мардуми кишварамон, пеш аз ҳама ба амалӣ гардидани нуктаву хулосаҳои Паёми Роҳбари давлат робитаи мустақим дорад.

Амалисозии нуктаву хулосаҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарзи шаҳрвандӣ ва ватандории ҳар як сокини мамлакат аст ва моро водор менамояд, ки баҳри анҷом додани корҳои бунёдкориву созандагӣ ва расидан ба асолати миллӣ беш аз пеш масъулиятшинос бошем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg