ВОСЕЪ. Тибқи нақшаи баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ хонишҳои сиёсӣ бо маром идома доранд ва ин навбат хониши сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии «КАТС»-и ноҳия бо иштироки раиси Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза ва мудири шуъбаи кор бо занону ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Манучеҳри Хуршед баргузор гардид.
Зимнан Сафарова Ҳафиза атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки мақсади ироаи Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки ҳар сокини кишвар вазифаи худро аз он дар роҳи давлатсозию ватандорӣ ба таври амиқу дақиқ муайян ва дар амал татбиқ созад. Агар дурусттар ба моҳият ва мантиқи Паёми Пешвои миллат аҳамият диҳем, дар он роҳи ҳалли тамоми мушкилоти на фақат ҷамъият, балки ҳар фард дар алоҳидагӣ нишон дода шудааст.
Ҳамзамон, дигар баромадкунадагон низ фикру мулоҳизаҳои хешро баён карда, иброз намуданд, ки яке аз самтҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, ки дар Паём зикр гардид, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ буд. Тавре Пешвои миллат зикр намуданд, давлату Ҳукумати Тоҷикистон пайваста ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ эътиборӣ ҷиддӣ дода, бештари маблағҳои буҷа ба рушди ин соҳаҳо нигаронида мешаванд.
Вобаста ба соҳаи тандурустӣ Пешвои миллат аз паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон, инчунин камбудиҳо вобаста ба масъалаи расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ изҳори нигаронӣ карда, ба масъулон ҷиҳати ислоҳи ҳар чи зудтари вазъ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.