БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони ноҳияи Панҷ Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро бо хушнудӣ пазируфтанд

ПАНҶ. Тибқи дастуру  супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои қисмати амалии Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар  доираи ҷадвали баргузории   чорабиниҳои сатҳи маҳал аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг»-и назди Қасри фарҳанги ноҳия  тасмим гирифтанд, ки бо истифода аз рeзҳои офтобии фасли зимистон  дарахтони боғи фарҳангғ-фароғатии ноҳияро ба тартиб дароварда, бехи онҳоро нарму мулоим карда, аз алафҳои бегона тоза намоянд.

Дар корҳои  ободониву  созандагӣ  фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ низ иштирок намуда, дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳм гузоштанд.

Бо баргузории ин иқдоми нек кормандони соҳаи фарҳанг собит карданд, ки роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро бо хушнудӣ  пазируфта,  дар ободонии ноҳия  саҳми арзандаи хешро гузоштанд.

                  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg