БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сафарбаркунии сокинон ба корҳои созандагӣ дар маҳали зист

ТЕМУРМАЛИК. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати тарғиботӣ ва амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», ҳамчунин  бобати иҷрои ҷадвали тасдиқгардидаи  баргузории вохӯрию мулоқотҳо оид ба ҳарчи бештар тақвият бахшидани робитаи ҲХДТ  бо маҳал дар маҳаллаи №2-и  ҷамоати шаҳраки Совети ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо сокинон  баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот масъулин  атрофи  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, нуктаҳои асосии  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ намуданд.

Баъдан, вобаста  ба  татбиқи қисмати тарғиботию амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “маҳаллаи №2” Каримов Саидаҳрор зиёда аз  60  нафар сокинони маҳалла ба ҳашари дастаҷамъона баромада,  ҷӯю заҳбурҳо ва қубурҳои обгузарро аз партовҳо тозаю озода карданд.

Инчунин, дар корҳои ободонӣ ва хуррамгардонӣ  раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ва вакили ҷамоати шаҳраки Совет Икромов Суҳроб бевосита иштирок карда, дар корҳои ободониву бунёдкорӣ низ саҳми  арзанда гузоштанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg