БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Илму маориф дар саргаҳи сиёсати давлатӣ

Н.ХУСРАВ.  Дар асоси ҷадвали баргузории вохӯриву  мулоқот, хонишҳои сиёсӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва деҳаву маҳаллаҳои Кумитаи  и¿роияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиева Сураё иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимнан Алиева Сураё  дар назди ҷамъомадагон оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати маорифпарваронаи  Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эълон гардидани солҳои 2019-2021  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба фаъолияти оғоз кардани  Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карда, аз иштирокдорон барои расидан ба қадру манзалати хизматҳои арзандаи Пешвои миллат ва  саҳм гузоштанд дар амалигардонии ҳадафҳои  созандаи ҲХДТ  даъват ба амал овард.

Инчунин, мавсуф дар идомаи суҳбат моҳияти  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбиро ба дарки  сокинон расонида,  онҳоро ҷиҳати дар доираи Аксияи ҳизбӣ  саҳм гузоштан дар  ободии Ватан, ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи маҳали зисти худ  раҳнамоӣ кард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg