БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дастгирии Паёми Пешвои миллат аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик дар Россия

ҚУБОДИЁН. Дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳи босалоҳият бо мақсади баррасии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз наздик шинос шудан  аз вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳимояи манфиатҳои онҳо ва ташаккул додани маърифати ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ барои анҷом додани сафари корӣ ба шаҳру вилоятҳои Федератсия Россия аз 5-15 январи соли ҷорӣ сафар намуданд. 

Дар ин гурӯҳи босалоҳият Раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло  Қурбоналӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Маҳмадаюб  Шарифзода  шомил буда, дар  шаҳри Қазони  Федератсияи Россия  бо муҳоҷирони  меҳнатии тоҷик суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.

 Чунин  вохӯриву мулоқотҳое, ки бо иштироки намояндагони ҲХДТ ва ҳидояти Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  доир мегарданд, аз он далолат медиҳад, ки рафти кору зиндагии ҳамватанони дар муҳоҷирати муваққатии меҳнатӣ қарордоштаи мо зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомали Рамҳон қарор дорад, то ки онҳо ҳеҷгоҳ худро аз Ватан дуру бегона эҳсос накунанд. Вохӯриҳои судманду хотирмон дар  вилояту шаҳрҳои Федератсияи Россия  идома доранд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg