БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роҳандозии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» баҳри ободонию созандагӣ

ПАНҶ. Ҷиҳати иҷрои  қисмати амалии Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣтаҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  дар доираи  ҷадвали чорабиниҳои  сатҳи маҳал бо ҷалби кормандони Раёсати молияи  ноҳия дар саҳни корхона шанбегӣ роҳандозӣ гардид.

Дар шанбегӣ  кормандон бо буридани шохчаҳои иловагии дарахтон, нарм кардани бехи онҳо ва нарм кардани замини назди корхона  ва тозавуозода намудани  атрофи  он машғул шуданд.  Пас аз ба итмом расидани шанбегӣ симои  Раёсати молия тамоман дигар шуда, аз ободкориву тозагӣ шаҳодат медод.  Чунин корҳои ободониву созандагӣ бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар  партави Аксияи ҳизбии мазку идома  дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg