БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ –эҳёгари анъанаҳои неки ниёгон аст

ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар  маҳаллаи Саветободи ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назарови ноҳия бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоев Ваҳобиддин бо доираи васеъи занони хонашину ҳунарманд чорабинии фарҳангӣ бо намоиш додани ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Дар он занони ҳунарманди маҳаллаи Саветобод ҳунарҳои худро, аз қабили қуроқдӯзӣ, кӯрпачадӯзӣ, намудҳои сӯзанидӯзӣ ва анвои шириниҳои қаннодиро ба маърази дид гузошта, барои ҷалби ҷавондухтарон ба омӯзиши ин намуди ҳунар омодагии худро баён намуданд.

Пас аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ Ваҳобиддин Абдуллоев  бо ҷамъомаждагон дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ азбемориҳои сироятӣ, рушди анъанаҳои неки ниёгон, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, тарбияи дурусти фарзандон дар роҳи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ, пешгирии шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон аз шомилшавӣба ҳизбу ҳаракатҳоиифротӣ ва боз ҳам сайқал додани касбу ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ карда, занону бонувони ҳунармандро  барои  эҳёи  касбу ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби шахсони бекор ба он раҳнамоӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg