БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём роҳнамо ба самти ояндаи босаодат

А.ҶОМӢ. Дар асоси нақша-чорабиниҳо оид ба баргузории хониши сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии «Файзбор»-и кўчаи Дэу 20-и ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба фаҳмонидани муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дарбаргирандаи пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқи тартибот, тандурўстӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ба дарки ҷамомадагон расониданд.

Ҳамзамон, дар идома оид ба  баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеава зиёд намудани шумораи онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда, пешгирии зӯроварӣ дар оила гуфта гузаштанд.

Инчунин, ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулини соҳаҳои тандурустӣ ва аҳли ҷомеаро вазифадор намуданд, ки сари роҳи паҳншавии бемориҳои сироятиро дар байни аҳолӣ, аз  ҷумла ҷавонону наврасонро таъмин намоянд.

Бо ташаббуси Пешвои миллат соли 2019 Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд, ки аз ҷониби фаъолони маҳаллаи мазкур бо хушнудӣ пазируфта шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg