БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дастгирии ятимону барҷомондагон ва ниёзмандон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҲХДТ мебошад

НОРАК. Иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии ятимону барҷомондагон ва ниёзмандон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  шаҳри  Норак ба ҳисоб меравад.

Ҳамасола  дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ  бо ташабуси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва   аъзои фаъоли он дар шаҳри Норак ба ятимон, бепарасторон ва маъюбон кӯмакҳои моддиву молиявӣ расонида мешавад.

Дирӯз бо ибтикори  Кумитаи иҷроияи шаҳрииҳизб ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Миршоҳ-Сохтмон” Назаров Аслиддин бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумриниссо Гулмуродзода ба  маъюбони Маркази будубоши рӯзонаи  “Меҳрбахш” бахшида ба фарорасии Соли нави Мелодӣ  туҳфаҳои солинавӣ тақдим ва  дастурхони  идона ороста шуд.

Дар охир аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоии  ҳизбии “Фарҳанг” барои болидахотирии маъюбон  барномаи консертӣ  пешкаш гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg