БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат – аз рушди деҳот то саноатикунонии босуръати кишвар

АНДЕША. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Бояд қайд кард, ки тасмимҳои Сарвари давлат, ки дар Паёми имсола ироа гардиданд, воқеан ҳам ба боло бурдани сатҳи иқтисодиёту иҷтимоиёт, афзун намудани теъдоди корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷойҳои корӣ ва маошу нафақа, хосатан ба рушду нумӯи ҷомеа, соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва некӯаҳволии шаҳрвандони мамлакат нигаронида шуда, барои ташаккули ҷомеа мусоидат хоҳанд кард.

Махсусан нуктаҳои таъкидии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи кунунии донишандӯзии донишҷӯён ва нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси миллӣ, дурӣ ҷустан аз мафкураи бегона, мақоми зан дар ҷомеа, рушди соҳибкор, ҳимояи волоияти қонун ва ҳифзи манфиатҳои давлату ҷомеа бояд сармашқи фаъолияти ҳамагон қарор гиранд.

Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амнияти кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохтори бозорӣ, муҳайё кардани шароити мусоиди иқтисодӣ-иҷтимоӣ барои сокинони кишвар сол аз сол беҳтар гардида, лоиҳаҳои наву барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда истодаанд.

Ҳамчунон, зимни суханрониҳояш дар паёми навбатӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паёми навбатии худ таъкид намуданд, ки бо вуҷуди он ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об мебошад, таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ беҳбудии ҷиддӣ талаб менамояд. Он кас дастур доданд, ки барои ҳалли ин масъала дар деҳот таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.

Дар паёми навбатии худ ба парлумон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии СММ аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаи об, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи “Роғун” ва беҳбуди назарраси муносибатҳо бо ӯзбекистонро се дастоварди бузург дар соли 2018 унвон карда зикр намуданд, ки “ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузург дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад”.

Ҳамчунин, ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯйдоди дигари муҳими таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат, бо мақсади вусъат бахшидан ва бо дар назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Зеро беш аз 73 фоизи аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд.

Ба андешаи Сарвари давлат, барои бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва омода намудани даҳҳо ва садҳо ҳазор ҳунармандони соҳибкасб ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ як сол басанда нест. Ба ҳамин хотир барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Яке аз ҳадафҳои асосӣ аз ин пешниҳодҳоро Пешвои миллатамон, дар амалӣ гардонидани талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани ифрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин арзёбӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар Паёми худ Пешвои миллат саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуда, ояндаи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари саноатӣ равшан арзёбӣ карданд.

Ҳамчунон, дар паёми навбатии Пешвои миллат бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ амалӣ карда мешавад.

Бо дарназардошти ин мақсад, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни манзури Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат иброз намудаву дар робита ба ин Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки барои бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, таъмин намудани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон бо аҳолӣ соли 2019 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ»-ро таҳия ва пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин, дар ин самт Пешвои миллат , Сардори давлат супориш доданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил намудани марказҳои хизматрасонӣ, ки дар як вақт вазифаи маркази таълимии соҳибкоронро иҷро мекунанд, тадбирҳои зарурӣ андешад ва қайд намуданд, ки: «Ин кори бисёр муҳим буда, ба воситаи курсҳои махсус ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ ба ин соҳа такон бахшида мешавад. Чунин таҷрибаҳо ҳатто дар Аврупои пешрафта низ бисёр маъмул асту дар Аврупо ба воситаи курсҳои махсус ба соҳибкорон кумак мекунанд ва дониши онҳоро сайқал медиҳанд».

Бояд гуфт, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Абдурахмони Ҷомӣ, аз ин ғамхориҳои пайвастаи падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шод гардида, Паёми имсоларо чун стратегияи роҳнамо қабул намудаанду ва ҳар як сокини меҳани азизамон, ки миллату меҳанамонро дӯст медорад, бояд,ки дар давоми се сол барои амалӣ гардидани ҳадафҳои мазкур, сидқан фаъолият намояд.

Муҳаммаддовуд Ҳалимов –раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg