БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар самти эҳёи ҳунарҳои мардуми талош меварзем!

ХУРОСОН. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар маҳаллаи ба номи Саъдӣ Қараеви ҷамоати шаҳраки Обикиик бо сокинони маҳал оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар қисмати сиёсии вохӯрӣ масъулин атрофи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар санаи 26-уми декабри соли ҷорӣ баргузор гардид, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  ба сафъолият оғоз кардани НОБ-и Роғун,   бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст кардани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ карда,  ҳамагонро ба корҳои созандаву бунёдкорона дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  раҳнамоӣ намуданд.   

Баъдан  масъулин аз намоишгоҳи  ҳунарҳои мардумӣ, ки занони ҳунарманд бо шаклу услуби хоса  омода карда, ба намоишгоҳ гузошта буданд, дидан карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg