БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хештанро хайр хоҳӣ, хайрхоҳӣ халқ бош…

ТЕМУРМАЛИК. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли равон   қайд карда шуд, ки  «Мо дар оянда низ ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем».

Дар доираи ҳамин дастури Пешвои миллат дар ноҳияи Темурмалик амали хайру савоб ба анҷом расонида шуд. Дар ҳамкорӣ ва ҷонибдории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик ҷиҳати дар амал татбиқ намудани иҷрои қисмати амалии Аксияи тарғиюботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя  ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ  дар давоми нимсолаи якуми соли 2019 бо ҷалби оммаи васеъ аз ҷониби  узви фаъоли ҲХДТ, ҳамзамон узви  Раёсати  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, муовини раиси ноҳияи Темурмалик Талбакзода Рухшона ба ятимони хона-интернати деҳаи Танобчӣ кӯмак расонида шуд. Вобаста ба маросими азодорӣ  дар ин рӯз ба зиёда аз 100 нафар ятимон зиёфати идона  дода шуд.

Дар маросими садақаи ҷории азодорӣ ҳамчунин вакилони маҳалла,  пиронсолони деҳа, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ва роҳбарони хона-интернати ятимони деҳаи Танобчӣ иштирок карданд. Дар ҷараёни маросим раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид баромад карда, ҳамагонро бо Соли нави мелодӣ шодбош гуфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg