
КӮЛОБ. Оид ба расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ёрирасон” бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб маҷлис баргузор гардид.
Дар маҷлис Валиева Саъбагул раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ёрирасон” Валиев Карим иштирок ва баромад намуданд.
Саъбагул Валиева баромад намуда, баён дошт, ки дар Паёми худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии мамлакат сухан гуфта, махсусан саноатикунонии кишвар ҳадафи дигари миллӣ эълон доштанд, ки аз ҷониби аҳли ҷомеа ҳамчун барномаи мукаммали бунёдӣ ва роҳнамо барои ояндаи неки кишвар хеле хуб пазируфта шуд.
Дар охир Валиев Карим итминон дод, ки барои амалӣ гардидани нуктаҳои Паёми Роҳбари мамлакат тамоми нерӯву тавоноии хешро равона менамоянд.