БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-тарғибгари тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон

ВОСЕЪ. Бо мақсади ҳавасманд гардонидани ҷавонон ва наврасон дар самти рушди варзиш ва дар дили онҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ дар Литсейи касбӣ- техникии ба номи генерал майор Рустами Холалӣ чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар мусобиқаҳои варзишӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ иштирок намуда, қайд карданд, ки мақсади ташкил намудани чунин озмунҳо ба варзиши оммавӣ ҷалб намудани ҷавонон ва тарзи ҳаёти солим касб намудани онҳо, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳаргуна  ҳаракатҳои ифротӣ ва мазҳабҳои динӣ, ба майдон баровардани чеҳраҳои нави варзиш мебошад.

Ҳамзамон, масулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ иштирокчиён ва омӯзгорони ташкилоти ибтидоии мазкурро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо тақдим карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg