БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаъолон барои амалисозии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ қадрдонӣ карда шуданд

ВАХШ. Дар ташкилоти ибтидоии «Иттифоқ»-и ҷамоати 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо иштироки  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  Маҳмадов Одилҷон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, саҳм гузоштан дар ободии маҳалли худ, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи хештаншиносӣ ва риояи қонунҳои миллӣ суханронӣ намуд.

Дар идомаи чорабини занони маҳал ин иқдоми неку ояндасози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамаҷониба дастгирӣ карда, барои ба таври муассир аз нав эҳё шудани ҳунарҳои мардумӣ андешаҳои хешро баён карданд.

Дар охири чорабинӣ ба раиси ташкилоти ибтидоии «Иттифоқ» Маҳмуродов  Абдулфайз барои ташкили чорабинии бошукуҳ бо Ифтихорномаи ҳизбӣ сарфароз гардонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg