БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хониши сиёсӣ дар мукаммал гардидани дониши ҳизбиён мусоидат намуд

ШАҲРИТУЗ. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар Раёсати молияи ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони он баргузор гардид.

Хониши сиёсӣ аз ҷониби Ачилдиев Турдимурод -муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва Замонов Азиз -мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроия гузаронида шуда, дар рафти он самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, террористӣ ва экстремистӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим, иҷроиши талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва нисбати Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26 декабри соли ҷорӣ баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg