БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маҷлисҳои ҷамбастии фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳияи Фархор

ФАРХОР. Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Шуғли аҳолӣ" маҷлиси ҷамбасти фаъолияти корӣ дар соли 2018 баргузор гардид.

Дар маҷлис ду масъалабаррасӣ карда шуданд. Масъалаи  якум ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамбасти фаъолияти соли 2018, дуюм тасдиқи нақша-чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Шуғли аҳолӣ" барои соли 2019 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи натиҷаҳои маҷлис қарорҳои зарурӣ қабул гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Шуғли аҳолӣ" кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи Агентии шуғли аҳолии ноҳия, кормандони бахши кӯмаки иҷтимоии ноҳия ва Идораи муҳити зисти ноҳия муттаҳид  шудаанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg