БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат барои беӽдошти зиндагӣ ва кору фаъолияти босамари мардуми аст

ВОСЕЪ. Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои пешравӣ ва зиндагии шоистаи мардуми тоҷик равона шуда, барои расидан ба ӽадафӽои созанда ва устувори кишвари азизамон мусоидат менамояд.

Вобаста ба ин тибқи нақша- чорабиниӽои тасдиқгардида дар ташкилоти ибтидоии КФХМК (КЖКП)-и ноӽияи Восеъ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ Сафарова Ӽафиза, мудири шуъбаи таблиғот, иттиллот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Гулрухсор Мирзоева ва корманди масъули Кумитаи иҷроия Манучеӽри Хуршед хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Сараввал Сафарова Ӽафиза кормандони ташкилоти ибтидоии мазкурро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуда, баъдан атрофи самтӽои афзалиятноки фаъолияти ӽизбӣ суӽбат ороста,  зикр намуд, ки Паём ҳуҷҷати муҳим барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллии кишвар буда, баланд бардоштани нерӯи инсонӣ, сатҳи маълумотнокӣ ва беҳтаршавии сифати зиндагии мардум меҳвари асоси онро ташкил медиҳад.

Аз ин лиҳоз вазифаи ҳар яки мо сокинони давлат хурду бузург аз он иборат аст, ки саъю талоши худро дар навбати аввал ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, Ваҳдати миллӣ дар кишварамон сафарбар намуда, рушди устувори иқтисодии Ватанамонро таъмин намоем.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg