БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанг таҷассумгари симои маънавии халқ аст

ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади дар  амал татбиқ намудани ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оиди ҳарчи бештар тақвият бахшидани робитаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо маҳал дар асоси ҷадвали вохӯрию мулоқотҳо  дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия ин навбат дар маҳаллаи №7-и   ҷамоати шаҳраки Совети  ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот дар атрофи  мавзӯъҳои самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, нуктаҳои асосии  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  бо иштирок ва  ҳамкории бевоситаи вакили ҷамоат  Икромов Суҳроб   ва  фаъолони маҳалла  гузаронида шуд.

Сипас, бо иштироки зиёда аз 20  нафар сокинони маҳал ҷамъомад гузаронида шуд, ки дар он раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид оид ба Барнома ва  Оинномаи ҲХДТ ва ҳадафҳои таъсиси ташкилотҳои нави ибтидоӣ дар маҳалҳо суханронӣ  кард.

Баъдан  дар маҳаллаи номбурда ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, бо пешниҳоди раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабов Маҳмадсаид сокини маҳалла Сафарова Раъно  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.

 

 

                         

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg