БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соли 2018 - соли имкониятҳо

ДАНҒАРА. Ҷиҳати натиҷагирӣ аз соли 2018  ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва истиқболу ҷонибдорӣ аз пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати эълон доштани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки фаъолони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва молу маҳсулоти сайёҳӣ баргузор гардид.

Дар намоишгоҳи мазкур ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ молу маҳсулоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро ба намоиш гузоштанд. Дар воқеъ соли 2018  ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дигар соҳаҳо нақши муассир гузошт. Дар оянда низ ҷиҳати муаррифии сатҳи баланди фарҳанги бою пурғановати миллати тоҷик ва мавзеъҳои нодири сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ таъсиргузор хоҳад буд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg