БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБРИКОТИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАХШИДА БА ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон кулли сокинони сарбаланди вилоятро ба фарорасии соли нави мелоди табрику муборакбод мегӯяд.

Соле, ки сипарӣ гардида истодааст, барои мардуми шарафманди тоҷик, хусусан, сокинони бонангу номуси вилояти Хатлон соли дастоварду муваффақият, пирӯзиву комёбӣ ва созандагиву бунёдкориҳо буд.

Боиси ифтихор аст, ки дар ин сол аввалин агрегати НБО “Роғун” ба кор даромада, Тоҷикистон ба кишвари нуру рӯшноӣ табдил ёфт, ки ин натиҷаи иттиҳоду ягонагии миллати тоҷик дар атрофи Пешвои муаззами худ мебошад. Бояд гуфт, дар ин росто саҳми Шумо сокинони сарбаланди вилояти Хатлон низ бағоят бузург аст.

Дар ин сол аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва фаъолони ҷомеа мардумро ҷиҳати амалӣ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, ки аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, бо азму матонати бузург сафарбар намуда, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро бо дастовардҳои арзанда ҷамъбаст сохтанд. Дар заминаи комёбиҳои соли сипаригардида ва мутобиқ ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо боварии комил гуфта метавонем, ки соли дарпешистодаи 2019 барои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва миллати озодаи тоҷик соли дастовардҳои нав дар роҳи созандагию бунёдкорӣ мегардад.

Бигзор соли 2019, ки оғози марҳилаи нави рушд дар заминаи саноаткунонии босуръати Тоҷикистон, ба кор даровардани агрегати дуюми НБО “Роғун” ва Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад, барои миллати тоҷик соли фатҳу нусратҳои нав  ба нав гардад.

Бо ин нияту таманниёти нек, бори дигар Шумо сокинони сарбаланди вилояти Хатлонро ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, бароятон хонаи обод, тани сиҳат ва дар кору амали созандаатон комёбиҳои нав ба навро таманно менамоем.

31.12.2018, шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg