БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ватан оромиат оромии мост…

Ш.ШОҲИН. Амну осоиштагии Ватан аз муттаҳидӣ ва ҳамдигарфаҳмии мо сокинони кишвар вобастагии калон дорад. Яке аз омилҳои муҳими фаъолияти ҲХДТ ҳифз ва муҳофизати Истиқлолияти давлатист. Дар самти фаъолияти ҳизбиён бе кӯмаку дастгирии мақомотҳои қудратӣ, аз ҷумла амнияти миллӣ басо назарас ва бидуни онҳо ҳеҷ аст.

Бо ҳамин хотир дирӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №1 Рӯзи кормандони амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷашн гирифта шуд. Дар ин чорабинӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иштироки бевосита намуданд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Назарзода Толибҷон ба сухан баромада, кормандони ин ниҳоди қудратиро ба рӯзи идашон табрику шодбош гуфта, ба онҳо сиҳатмандӣ ва дар роҳи адои хизмати содиқона ба халқу миллат таманно намуданд.

Инчунин, туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро ба кормандони амнияти миллии ноҳия дар як фазои мутантан супориданд.

Қисми интиҳои чорабинӣ бо барномаи  консертии фарҳангчиёни ноҳия анҷом ёфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg