
Н.ХУСРАВ. Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Носири Хусрав муташакиллона ва дастаҷамъона аз барномаҳои телевизионии ҷумҳурӣ мустақиман ҳамаи кормандону хонандагон ва сокинони ноҳия тамошо карданд.
Дар Паём қайд гардид, ки Истиқлолият ва озодӣ дар рушду тараққиёти мамлакат нақши босазое гузошт. Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоиҷкистон дар сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи навро оғоз намуда, барои расидан ба рушди устувори пурраи иқтисодиёт дар кишварамон қадами устувор гузошт.
Пешниҳод гардид, ки Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ ба давлати аграрӣ- саноатӣ табдил ёфта, ҳамаи ашёи хоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар коркарди саноатӣ шуда, ба содирот бароварда мешаванд.
Қайд гардид, ки дар соли 2019 ба соҳаи иҷтимоии барои боз ҳам баланд бардоштани ҳифзи саломатии аҳолӣ кишвар минбаъд низ ҳамаи чораҳо андешида мешаванд.
Ба масоили занон тарбия ва боло бурдани савияи маърифати ҳуқуқӣ ва дониши сиёсии онҳо ҷалби онҳо ба вазифаҳои хизмати давлатӣ, боз ҳам боло бурдани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон тарбияи онҳо дар руҳияи ифтихор аз фарҳангу тамаддуни миллӣ, тарғиби арзишҳои волои ватандорӣ ва ҷалби онҳо ба хизмати давлатӣ ва ҷаъмиятӣ тадбирҳои муассир андешида мешавад.
Бо мақсади рушди деҳот ва тақвият бахшидан бо маҳал соли 2019 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид.
Сокинони ноҳия аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу иқболи нав гирифта, бо кӯшишу ғайрати дучанд меҳнат намуда, иқтидорҳои истеҳсолии худро боз ҳам баланд бардошта, дар ободию шукуфоии кишварамон саҳми босазои худро мегузоранд.