
КУШОНИЁН. Дирӯз кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия вохӯриву мулоқот баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва нақши омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ карданд.
Ҳамзамон, дар идомаи вохӯрӣ масъулин ба аъзои нави ба сафи ҳизб шомилгардида дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбиро супорида, таъкид карда шуд, ки дар таълиму тарбияи наврасон, баланд бардоштани савияи донишионҳо саҳми арзанда гузоранд.